Академияи илмҳо муассисаҳои илмии академикӣ, мактабҳои олӣ ва соҳаҳои илму маорифи ҷумҳуриро ба ҳамкорӣ даъват менамояд

Февраль 15, 2017 15:52

ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва воситаҳои экспедитсионӣ» таъсис гардид, ки дар асоси худмаблағгузорӣ фаъолият мекунад.
Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, корхонаи мазкур бо дархости муассисаҳои илмии академикӣ, мактабҳои олӣ ва соҳаҳои илмиву маорифи ҷумҳуриявӣ бо назардошти тадқиқоти маркетингӣ онҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ, маводи кимиёвӣ, воситаҳои экспедитсионӣ ва дигар маводи зарурии иттилоотӣ таъмин менамояд.
Корхона бо мақсади бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани муассисаҳои илмии тадқиқотӣ ва озмоишгоҳҳо таъсис ёфта, дар коркарду истеҳсол ва истифодаи таҷҳизоти илмӣ бо ҳамаи муассисаҳое, ки дархост пешниҳод мекунанд, ҳамкорӣ менамояд.

Февраль 15, 2017 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид