Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ВМКБ масъалаи тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро баррасӣ кард

Февраль 3, 2017 11:58

ШодиХОРУҒ, 03.02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ВМКБ таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед доир гардид. Дар он намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа, роҳбарони идораву муассисаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ ва созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Раиси Шӯрои ҷамъиятии ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи шӯро Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун қутбнамо барои муайян кардани самтҳои асосии рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар унвон кард. Гуфта шуд, ки дар Паёми мазкур ҷамъбасти соли 2016, роҳҳои рушди кишвар дар соли 2017 ва солҳои минбаъда нишон дода шуда, барномаву нақшаҳои Ҳукумати мамлакат барои давраи миёнамуҳлат ва иҷрои «Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030» муайян карда шудаанд. Ҳадаф аз қабули Стратегияи миллии рушд ва дигар барномаҳои миёнамуҳлат -беҳтарсозии сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини амнияти миллӣ ва таҳкими пояҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад.
Ба гуфтаи раиси ВМКБ бо ҳидоят ва сиёсати хирадмандонаи Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ соли 1996 Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд, ки он аҳзоби сиёсӣ ва беш аз 200 ташкилоти ҷамъиятиро дар бар гирифт. Имрӯз ин ташкилоту созмонҳо дар самтҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, варзишӣ ва дастгирии ҷавонону занон нақши арзанда доранд.
Муовини раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ва роҳбари ташкилоти «Қалам» Бурибек Бурибеков дар мавриди ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахшҳои хусусӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки имрӯз мақомоти маҳаллӣ ва раёсати адлияи вилоят дар мавриди таъсис ва бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди вилоят ҳиссагузорӣ ва мусоидати хуб доранд. Бо пешниҳоди муовини раиси Шӯрои ҷамъиятӣ бо ҷалби ҳарчӣ бештари ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муқовимат бо коррупсия дар сатҳи деҳа, ҷамоат, ноҳия ва вилоят, ки аз супориши Роҳбари давлат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои алоҳидаи Паёми Пешвои миллат маншаъ мегиранд, корро бояд дар ин самт тақвият бахшид.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед оид ба иҷрои супориши Роҳбари давлат дар мавриди додани имтиёз барои занону духтарон ва ба кор ҷалб кардани онҳо дар низоми бонкдорӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳарф зада, таъкид дошт, ки барои бо кор таъмин кардани ҷавонондухтарон ва ба касбомузӣ ҷалб кардани онҳо таваҷҷуҳи махсуси аъзои шӯро низ зарур аст.

Февраль 3, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд