Ҳамоиш бахшида ба 24- солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар Бадахшон
ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 24-солагии Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Раёсати корҳои дохилии вилоят дар мавзӯи «Баробарҳуқуқии занон ва мардон дар ҷомеа» ҳамоиш баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш Сайёра Замирова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят дар мавриди қабул гардидани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки занон дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, иштироки фаъолонаи занони вилоят дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сухан гуфт.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






