Ҷамшед Каримзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Ҷамшед Каримзода, муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии менеҷери гурӯҳ оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ Дейвид Робалино мулоқот намуд.
Тавре аз котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мулоқот намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ҳисоботро дар мавзӯи «Таҳқиқ ва дурнамои таъсиси ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавзӯи барномаҳои амал бобати таъсиси ҷойҳои корӣ, аз ҷумла андешидани тадбирҳои сиёсию барномавӣ, ки ба рушди кишвар мусоидат менамоянд, мубодилаи афкор намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, иштирокдорони мулоқот ҳамчунин марҳалаҳои минбаъдаи ҳамкориро бобати сари вақт амалӣ намудани барномаҳои амал, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат менамоянд, муайян намуданд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






