Артиши миллӣ-сипари боэътимоди давлат!
ДУШАНБЕ, 23.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар қисми ҳарбии №3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора корманди шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Фазлиддин Маҳмадраҳимзода хабар дод.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода зимни табрики ҳозирин бо Рӯзи артиши миллӣ гуфт: «Сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи душворро тай намуда, таҷриба андӯхт, дарси ҷангию муҳорибавӣ омӯхт ва давра ба давра такмил ёфта, ба яке аз артишҳои касбии минтақа мубаддал гардид».
Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят ба афсарону сарбозони қисми ҳарбии №3503-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравӣ супорид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






