«Артиши миллӣ — зодаи Истиқлолияти давлатӣ»- намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 24-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ- зодаи Истиқлолияти давлатӣ» намоиш доир намуданд. Дар он беш аз 300 нафар низомиён экспозитсияи толорҳои намоишии муассисаро тамошо намуданд.
Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар намоиши мазкур Зафаршо Иброҳимзода, муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Асрор Латифзода, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо ин ҷашн шодбош гуфта, зикр намуданд, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ аст ва ҳар фарди бонангу номус бояд ба Ватан хизмат карда, марзу буми онро ҳифз намояд.
Дар арафаи ин ҷашни бузурги миллӣ роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки аз 21 то 25 феврали соли равон ба 1500 нафар афсарону сарбозон ройгон хизмат расонанд. Бо онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа сайри илмӣ бурда мешавад».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






