Ҳашт даста дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол иштирок мекунанд

Февраль 9, 2017 10:11

ДУШАНБЕ, 09.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дирӯз бо баргузории ҷаласаи худ шумораи иштирокдорони Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард. Дар мавсими соли 2017 ҳашт даста дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Ба ҳамин тартиб, аз рӯи натиҷаи литсензиякунонии дастаҳои футбол аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ФФТ танҳо ба ҳашт даста иҷозати иштирок дар мавсими футболи соли 2017-ро дод. Ба ин рӯйхат дастаҳои «Истиқлол», «Барқчӣ» ва КМВА «Помир» (ҳама аз шаҳри Душанбе), «Ҳосилот» -и Фархор, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва ғолиби Лигаи якуми чемпионати мамлакат «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дохил шуданд.
Дар ҷаласа аз сабаби ба талаботи Лигаи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҷавобгӯ набудан ва нагузаштан аз литзензиякунонӣ дастаҳои маъруфи мамлакат- «Хайр»-и Ваҳдат ва «Равшан»-и Кӯлоб ба Лигаи якум гузаронида шуданд. Дастаҳои «Равшан» ва «Хайр» танқисии молиявиро аз сар мегузаронанд ва аз тарафи дигар, варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат дар ҳолати на он қадар хуб қарор дорад ва ба талабот ва низомномаи Чемпионат ҷавобгӯй нест.
Чемпионати Тоҷикистон дар мавсими соли 2017 дар се марҳала гузаронида мешавад. Дастаҳо дар ин муддат 21 вохӯрӣ мегузаронанд. Қуръакашии тақвими мусобиқот 10 феврал гузаронида мешавад.
Аз рӯи пешниҳоди Лигаи футбол дастае, ки зинаи охирро дар мавсим ишғол мекунад, аз Лигаи олӣ ба Лигаи якум мегузарад ва дастае, ки зинаи 7-умро соҳиб мешавад, бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум дар бозии гузариш ширкат меварзад. Ғолиб ба Лигаи олӣ мегузарад ва ё боқӣ мемонад.
Дар ҷаласа ҳамчунин рӯзи баргузории бозӣ барои Ҷоми олӣ ва ё Суперҷоми Тоҷикистон муайян карда шуд. 4 март дастаҳои «Истиқлол» ва Ҳосилот» дар варзишгоҳи 25 000- нафараи шаҳри Ҳисор бо ҳам рақобат мекунанд.
Кумитаи иҷроияи ФФТ тағйирот ва иловаҳоро ба Низомномаи гузаронидани Чемпионат ва Ҷоми мамлакат тасдиқ кард.

Февраль 9, 2017 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид