Қатар барои лоиҳаи Чемпионати ҷаҳон -2022 ҳар ҳафта 500 миллион доллар сарф мекунад
ДУШАНБЕ, 08.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Давлати Қатар- мизбони бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол барои сохтани иншооти варзишӣ ҳар ҳафта тақрибан 500 миллион доллари амрикоӣ сарф мекунад. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
«Мо тақрибан 500 миллион доллар дар як ҳафта барои ба субут расонидани лоиҳаҳои асосӣ сарф мекунем. Ин ҳолат 3-4 сол идома меёбад, то мо ба ҳадафҳои худ расида, ба гузаронидани Чемпионати ҷаҳони соли 2022 омода шавем»,- гуфтааст Вазири молияи Қатар Алӣ Шариф Алъимодӣ.
Ба иттилои ӯ, барои гузаронидани бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон -2022 маблағи 200 миллиард доллар сарф мешавад. Қисме аз ин маблағҳо барои беҳтар кардани инфрасохтори нақлиёт ва тиб равона хоҳанд шуд.
Қатар 10 декабри соли 2010 дар Тсюрих ҳуқуқи гузаронидани бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон -2022 ба даст овард. Мусобиқот аз 21 ноябр то 18 декабр дар ҳафт шаҳри ин кишвар- Давҳа, Лусайл, Алвақра, Алҳур, Арраён, Ум Салол ва Мадина Ашшимолия гузаронида мешаванд.









Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






