Қатар мизбони ҳамоиши ФИФА гардид
ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Қатар макони баргузории ҳамоиши Федератсияти ҷаҳонии Футбол (ФИФА) гардид. Аз Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Хуршед Мирзо иштирок кард.
Дар ҳамоиши ФИФА «FIFA Executive Football Summit» давоми ду рӯз масоили зиёде, аз қабили стратегияи «FIFA 2.0 Дурнамои оянда», «Forward» ва тарҳи нави гузаронидани чемпионати ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамоиш бо раисии президенти ФИФА Ҷанни Инфонтино ҷараён гирифт, ки дар он намояндагони федератсияҳои футболи як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Босния ва Гертсеговина, Дания, Ироқ, Яман, Қатар, Кипр, Кирғизистон, Литвия, Намибия, Нигерия, Россия, Судон, Сербия, Сурия, Танзания, Туркманистон, Ӯзбекистон, Уганда, Украина, Шведсия ва дигарон иштирок карданд.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






