Ҷавонони шаҳри Турсунзода амалҳои террористиву экстремистиро маҳкум карданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода дар ҷамоати деҳоти Ҷура Раҳмонов бо ҷавонон вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар мулоқот атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 сухан карда шуд.
Масъулин иштирокчиёни вохӯриро ба ободкорию эҷодкорӣ, аз бар намудани илмҳои замони муосир ва саҳмгузорӣ дар амалигардонии тамоми иқдомҳои наҷибу ҳаётбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Мақсади асосии мулоқот аз пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ иборат буд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






