Аз ҷиҳати серобӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои дунё ҷои намоёнро ишғол мекунад

Февраль 15, 2017 15:54

20170215_09540+++++5ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 вохӯрии донишҷӯёну устодон бо Зайналобуддин Кобулиев, доктори илмҳои техникӣ, профессор, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ Зайналобуддин Кобулиев иброз дошт, ки дар ҳолати дуруст ба роҳ мондан, баррасӣ кардан, коргузорӣ ва сохторбандии дуруст мо метавонем, ки ба ҳадафи шашуми ин барномаи баландпоя бирасем. Дар ҳадафи шашум омадааст, ки дастрасии ҳамагон ба об ва беҳдошт то соли 2030 бояд бошад. Аз ин ҷиҳат олимон, пажӯҳишгарон ва шахсоне, ки дар ин самт кор мебаранд, бояд масъалагузорӣ ва пажӯҳишҳои худро дар чаҳорчӯбаи ғояҳои асосии амалиёти асосии об барои рушди усувор амалӣ намоянд.
Ба иттилои директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2,5 то 3 фоизи обҳои ҷаҳонро обҳои нӯшиданӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷиҳати серобӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои дунё ҷои намоёнро ишғол намудааст ва аксарияти обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон обҳои ошомиданӣ мебошанд.

Февраль 15, 2017 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид