Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб ба хонандагони хурдсоли Китобхонаи миллӣ китоб тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб дар толори бахши кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба наврасон китобҳои кўдакона тақдим карда шуд.
Чун анъана дар толори бахши кўдакон ва наврасон бахшида ба ин рўз гўшаи намоишӣ ташкил карда шуд. Гӯшаи намоишии толорро асосан адабиёти тозанашр ва адабиёти серхонандатарин ташкил доданд.
Сармутахассиси масъули толори кӯдакон ва наврасони китобхона Фирӯза Аҳророва гуфт, ки хонандагони мо аз гўшаи намоишии толор дидан намуда, ба худ як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.
«Чун имрўз Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб мебошад, мо кормандони бахш тасмим гирифтем, ки ба хонандагони фаъоли бахш адабиёти кўдакона, аз қабили афсонаҳо ва роҳнамои хонандаро намоиш диҳем. Ин иқдоми моро хонандагон хуб қабул намуда, ба мутолиа пардохтанд»,- гуфт ӯ.










Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






