Байни ҷавондухтарон нахустин мусобиқаҳои кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт» доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст мусобиқаҳои кушоди ҷумҳуриявӣ аз намудҳои гӯштини миллӣ, пойга (аспдавонӣ), тенниси калон ва волейбол барои дарёфти ҷоми «Пойтахт» байни ҷавондухтарон баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мусобиқаҳои мазкур бо мусоидати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, нақшаи тадбирҳо оид ба баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, оммавӣ ва солимгардонӣ дар соли равон таҳия шуда, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Мусобиқаҳои мазкур дар заминаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки бори нахуст дар саросари кишвар баргузор мегарданд, ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба расму ойин, суннат, анъанаҳои миллӣ ва эҳёи бозиҳои миллии варзишӣ доир мешаванд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






