Барои рафъи мушикилиҳо Рамазон Раҳимзода аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дидан намуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2017. /АМИТ«Ховар»/. Субҳи имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ ва бартараф намудани мушкилиҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз километри 48-уми деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дидан кард.
Тавре сомонаи расмии вазорати мазкур хабар медиҳад, Рамазон Раҳимзода зимни боздид барои ҳарчӣ зудтар кушодани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод.
Фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулода ҷоннок гардида, дар ин самт техникаҳои иловагӣ аз ҳарду тараф таъмин карда шуданд.
Ситоди ҳолатҳои фавқулода ба ҳолати омодабош дароварда шуда, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои кормандони наҷот ҳама лавозимоту техникаи зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Айни замон корҳо барои поксозии роҳи Душанбе-Чаноқ идома дошта, фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулода оид ба сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шудан, расонидани кумак ба зарардидагон, наҷот додани одамон ва дигар чорабиниҳои бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода таҳти назорати доимӣ қарор дорад.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






