Баррасии ҳамкории Тоҷикистону СММ дар Ашқобод
ДУШАНБЕ, 24.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврал бо хоҳиши Намояндагии СММ дар Ашқобод вохўрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо ҳамоҳангсози доимии СММ, Роҳбари навтаъйини ин Намояндагӣ хонум Елена Панова баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории СММ ва ниҳодҳои он бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчўби қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», вазъияти фавқулодаи баамаломада дар минтақаҳои осебдида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва оид ба ҷараёни татбиқи барномаҳои СММ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






