Баррасии мушкилоти шахсони дорои имконияти маҳдуд дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Иваз намудани афкори ҷомеа нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд ва ҷорӣ намудани таҳсилоти фарогир» доир гардид.
Тавре аз Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ хабар доданд, Холмаҳмад Тенгниев, раиси бахши Итиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзўи «Иваз намудани афкори ҷомеа нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд» сухан гуфта, роҳҳои осон намудани мушкилии маъюбон, хусусан нобиноёнро дар зиндагӣ тариқи видеороликҳо фаҳмонид.
Сиёвуш Илясов дар бораи ҳуруфи брайлӣ хати барҷаста барои навиштани нобиноён ва таърихи ташаккули ин ҳуруф ҳарф зада, ба воситаи видеороликҳо фикри худро тақвият бахшид.
Дар ҷамъомад аъзои фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус ва кормандони Китобхона фаъолона ширкат карда, вобаста ба масъалаи мазкур мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






