Баррасии навигариҳо дар соҳаи қонунгузории Федератсияи Россия бо муҳоҷирони меҳнатӣ
ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ноҳияи Сино мулоқоти сокинони маҳаллаи Қарамиршикори шаҳри Душанбе бо кормандони шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, навигариҳо дар соҳаи қонунгузории Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.
Зимни мулоқот ба муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба қаламрави Россия манъ мебошад, фаҳмонида шуд, ки аз ҳар гуна кумакҳои ғайриқонунӣ истифода набаранд, ному насабашонро иваз нанамоянд ва барои худ хатари нав эҷод накунанд. Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсия Россия боздошт шудан мутобиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 322 Кодекси ҷиноятии ин давлат бо муҳлати аз 3 то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ сокинони маҳалла ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи чӣ тавр ба даст овардани Сертификати забони русӣ, донистани таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия пурсон шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






