Берун аз майдони футбол: бозингар барои дуздӣ муҷозот шуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Собиқ бозингари дастаи «Локомотив»-и Москва Гарри ОКоннор барои дуздидани пиҷак аз мағозаи Эдинбурги Англия ба маблағи 900 фунт стелинаг (1100 доллар) муҷозот шуд. Дар ин бора BBC News хабар медиҳад.
Футболбоз ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Суд бо ҳукми худ Гарри ОКоннори 33-соларо вазифадор кардааст, ки ба давлат 200 фунт ва ба мағоза товони зарарро ба маблағи 700 фунт стерлинг пардохт намояд.
Ин ҳамлагар шарафи дастаи «Локомотив»-ро солҳои 2006-2007 ҳимоя карда, дар 33 вохӯрӣ ширкат кардааст ва ба дарвозаи ҳарифон 7 гол задааст.
Охирин клубе, ки Гарри ОКоннор бозӣ кардааст, «Селкирк»-и Шотландия мебошад.
Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Шотландия 16 вохӯрӣ гузаронида, муаллифи чор гол гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






