Боздиди ҳайати коршиносони Созмони Байналхалқии Меҳнат аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо
ДУШАНБЕ, 24.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Илёсиддин Камолиддинзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Созмони Байналхалқии Меҳнат, ки таҳти роҳбарии Патрик Белсер ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди соҳаи иҷтимоӣ, раванди ислоҳоти музди меҳнат ва қабули «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мубодилаи афкор намуданд.
«Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт баён доштанд»,-хабар дод манбаъ.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






