Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар Саппоро оғоз ёфтанд

Февраль 20, 2017 13:44

ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо баргузории маросими ифтитоҳи Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон 19 феврал бозиҳо расман оғоз ёфтанд ва то 26 феврал дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳирои Япония идома хоҳанд кард. Дар ин мусобиқот беш аз 1500 варзишгар аз 30 кишвар ширкат менамоянд.
Бозиҳо аз рӯи 11 намуди варзиш — биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей ва шорт-трек гузаронида мешаванд.
Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Баҳриддин Ғоибов, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Соҳибназари Турсунмурод дохиланд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слаломи хурд ва слаломи бузург ширкат хоҳанд кард.
Варзишгарони тоҷик ба ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ дар Маҷмааи лижаронии кӯҳии «Сафед-Дара»-и ноҳияи Варзоб омодагӣ гирифтаанд.
Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Саппоро маротибаи сеюм мизбони Бозиҳои зимистонаи осиёӣ мегардад. Аз ин пеш солҳои 1986 ва 1990 дар ин ҷо Бозиҳои зимистонаи қитъавӣ баргузор шуда буданд. Саппоро ҳамчунин соли 1972 Бозиҳои XI зимистонаи олимпиро низ ба оғӯш гирифта буд. Дар ин шаҳр бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2002 низ гузашта буданд.

Февраль 20, 2017 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд