Бозии аввали «Дордой» бо «Ҳосилот» ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 21.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ӯши Қирғизистон дастаи «Дордой»-и Бишкек дар доираи аввалин рақобатҳои плей-офии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бар дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард. Ягона голро Алишер Азизов ба нишон расонд.
Дар дақиқаи 30-юми вохӯрӣ барои дағал бозӣ карданаш дар муқобили Анатолий Власевич ҳимоятгари дастаи «Ҳосилот» Содиқ Мӯсо бо корти дуюми зард аз майдон ронда шуд ва футболбозони кишварамон то анҷом 10-нафара бозӣ карданд.
Бозии ҷавобии ин дастаҳо 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мегузарад. Аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи ғолиб ба гурӯҳи «Д»-и Осиёи марказӣ, ки дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Алай»-и Қирғизистон қарор доранд, ҳамроҳ мешавад.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






