Дар Ашт ҷамъомади поси хотир доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маркази ноҳияи Ашт- шаҳраки Шайдон бахшида ба 28-умин солгарди хурӯҷи қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Зариф Мирдадо, прокурори ноҳия Абдусамӣ Раҳмонзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Зикриё Абдуазизов ҷамъомад доир гардид. Он ба абадӣ гардонидани хотираи неки шаҳидони ҷанги байналмиллалӣ бахшида шуда буд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, дар ҷамъомад муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ иброз дошт, ки ҷанговарони байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба қасами ёднамудаи худ содиқ монда, дар муҳорибаҳо намунаи ибрат буданд.
Зариф Мирдадо аз фаъолияти ҷанговарони ноҳия, ки дар қаламрави кишвари Афғонистон шуҷоатмандию қаҳрамонӣ нишон доданд, ёдварӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокдорон мукофот тақдим гардид.









Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






