Дар Бадахшон ғолибони озмуни «Китобхони беҳтарин» муайян шуданд
ХОРУҒ, 24.02.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дар озмуни имсолаи «Китобхони беҳтарин» аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ 520 нафар кӯдакону наврасон ширкат варзиданд. Эраҷ Ҷонмирзоев, сардори Раёсати маорифи ВМКБ дар маросими супурдани туҳфаҳо ба ғолибон гуфт, ки «соли шашум аст ин озмун баргузор мегардад ва сол аз сол шумораи иштирокдорони он афзоиш меёбад. Ҳадафу мароми озмун бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб мебошад. Зеро бо рушди бесобиқаи технилогияи муосир дар чанд соли охир фарҳанги китобу китобхонӣ дар канор монд. Ин ба коҳиши саводи хаттию шифоҳии хонандагон оварда расонд. Ҳангоми санҷиши корҳои хаттӣ ин масъала баръало эҳсос мешавад. Умедворем, ки озмуни мазкур ба боло бурдани сатҳи дониши хаттӣ ва шифоҳии хонандагон кумаки назаррас мерасонад».
Имсол дар барномаи озмун тағйирот ворид шуда, мутобиқи он хонандагон бояд пас аз мутолиаи китоб дар асоси мазмуни он филми кӯтоҳ таҳия кунанд.
Дар озмун панҷ филми кӯтоҳи бадеӣ дар ҳаҷми аз 5 то 10 дақиқа пешниҳод гардида, филми хонандагони литсеи Оғохон аз рӯи асари нависандаи рус А.П. Чехов «Қаҳри кӯдакӣ» мақоми аввалро гирифт. Омӯзгори литсеи мазкур Заррина Шерғозиева зикр кард, ки филми мазкур на танҳо барои кӯдакон, балки барои волидони онҳо низ аҳамияти хуби тарбиявӣ дорад. Зеро филм ба ҳаёти як оила бахшида шудааст, ки нисбат ба кӯдаки худ беэҳтиноӣ ва беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Ба суолаш посух намедиҳанд, дар сари мизи хӯрок ӯро сарзаниш мекунанд, чун меҳмон ояд, аз хона берунаш мекунанд. Дар анҷом Раёсати маорифи ВМКБ ва маъмурияти литсеи Оғохон ба 25 нафар ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






