Дар баъзе ошхонаҳои пойтахт далелҳои қонуншиканӣ ошкор гардиданд

Февраль 23, 2017 17:23

ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Зимни санҷишҳои муштараки Ситоди якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомот якчанд қонуншиканӣ аз ҷониби бархе аз соҳибкорон ва сокинони алоҳидаи пойтахт муайян ва ошкор карда шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) хабар доданд, аз ҷониби гурӯҳи кории Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он муайян карда шуд, ки соҳибкорони ошхонаи «Абубакр» Акмал Амиров ва ошхонаи «Нафиса» Абдуманон Бурҳонов, дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди хонаи истиқоматии чорошёнаи №92, барои пухтани самбӯса, дар дохили танӯрҳо спирали баландшиддати сермасрафро муҷаҳҳаз намуда, бо вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёрҳои сохт ва истифодаи таҷҳизоти барқ, аз неруи барқ фаровон истифода мебаранд.
«Ҳамчунин соҳибкор Файзалии Мирзоалӣ дар ҶДММ «Нақлиёт», воқеъ дар кӯчаи Шестопавлови ноҳияи Сино, ба истеҳсоли дарвозаҳои оҳанин машғул гардида, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳолати санитарию эпидемиологиро риоя накарда, бо истифода намудани асбобҳои кафшергарии худсохт низ ба масрафи барзиёди неруи барқ роҳ додааст, ки ин кирдори ӯ ҳар лаҳза метавонад боиси сар задани сӯхтор гардад»,- хабар дод манбаъ. Инчунин манбаъ иттилоъ дод, ки: «сокини ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд Исоева Ашургул, дар манзили истиқоматии худ дастгоҳи шолитозакуниро насб карда, неруи барқро аз симчӯб бо роҳи ғайриқонунӣ ва бе ҳисокунаки барқӣ истифода мебурд, ки бо ин амалаш ба буҷаи давлат зарари калони пулӣ расонидааст. Назоратчии барқ дар минтақаи мазкур Шералӣ Рашидов ҷойи оне, ки чунин қонуншиканиро пешгирӣ намояд, баръакс бар хилофи қонун амал намуда, ба Ашургул Исоева барои чунин кирдораш мусоидат намудааст. Оид ба камбудиҳои ҷойдошта, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомотҳои дахлдор барои ҷораҷӯи ирсол карда шуданд».
Гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати ошкор ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳудуди кишвар ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

Февраль 23, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд