Дар Бонки миллии Тоҷикистон огоҳнамоии мустақим оид ба кушодани суратҳисоби бонкӣ дар бонкҳои хориҷӣ фаъол гашт
ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути равзанаи ягонаи огоҳнамоӣ тамоми резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз макони ҷойгиршавиашон метавонанд ба таври онлайн (мустақим) Бонки миллии Тоҷикистонро аз кушодани суратҳисоб дар бонкҳои хориҷӣ огоҳ намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Бонки миллӣ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади сарфаи вақти шаҳрвандон ва осон кардани тартиби огоҳнамоӣ оид ба кушодани суратҳисобҳои бонкӣ аз тарафи резидентҳо дар бонкҳои хориҷӣ, раванди огоҳнамоии электрониро тавассути сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монад. Тибқи ин тартиб резидентҳо минбаъд имкон пайдо мекунанд, ки оид ба кушодани суратҳисоб дар бонки хориҷа Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ ва ба таври мустақим (электронӣ) огоҳ намоянд.
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» — резидентҳо метавонанд дар бонкҳои хориҷӣ бе маҳдудият суратҳисобҳои бонкӣ (пасандозӣ, амонатӣ ва дигар) кушоянд, яъне ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар бонкҳои хориҷӣ суратҳисоб кушода, маблағҳои дар суратҳисоби хориҷӣ доштаашро бемамониат истифода барад.
Резидентҳое, ки чунин суратҳисобҳоро кушодаанд, бояд дар муддати на дертар аз даҳ рўзи корӣ Бонки миллии Тоҷикистонро аз ин хусус огоҳ намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз санаи гирифтани огоҳинома ба резидентҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар шакли хабарнома пешниҳод мекунад.
Барои сари вақт огоҳ накардани Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси кушодани суратҳисоб аз ҷониби резидент дар бонки хориҷӣ, дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод накардани ҳисобот ва дигар маълумоти ба ин суратҳисоб дахлдошта қонуншиканӣ арзёбӣ гашта, шахси гунаҳкор тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






