Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ- оммавии «Об барои рушди устувор» доир шуд
ХОРУҒ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2018- 2028-ро Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» эълон кард. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги пиряхҳо мебошад, ки он манбаи асосии оби рӯдхонаҳои дохилӣ ва фаромарзӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ- оммавии «Об барои рушди устувор» доир шуд
«Яке аз ин пиряхҳо мавсум ба Федченко аст, ки дарозии он 70 километр ва ғафсияш бештар аз ҳазор метр мебошад. Оби дарёи Ванҷоб аз ин пирях сарчашма мегирад ва баъдан ба рӯдхонаи Панҷ ҷорӣ мешавад. Вазифаи сокинони ВМКБ, ки дар саргаҳи обҳои Осиёи Марказӣ сукунат доранд, ҳифз ва ҳамеша пок нигаҳ доштани ин туҳфаи бебаҳои табиат мебошад»,- изҳор дошт муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Фарҳод Мамадназарбеков дар конфронси мазкур.
Коршиносони масоили экологӣ зимни корҳои тадқиқотӣ ба ин натиҷа расиданд, ки дар чил соли оянда ба иллати гармшавии иқлим миллионҳо сокинони сайёра бо камбуди оби ошомиданию полезӣ рӯ ба рӯ шуда, иҷборан макони зисти худро дар ҷустуҷӯи об тарк мекунанд. Ба гуфтаи Фарҳод Мамадназарбеков, кишвари мо ба ҷуз пиряхҳои зиёди хурду бузург, ҳамчунин дорои ҳавзу кӯлҳо бо захираи кофии обҳои поку мусаффо мебошад. Алъон дар хоҷагии халқ танҳо оби кӯли Яшикӯд истифода мешавад. Дарозии ин кӯл 26 километр буда, зиёда аз 300 миллион метри мукааб оби тозаро дар худ ғунҷонидааст. Ҳамасола мутобиқи шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ миқдори муайяни оби ин кӯл бо мақсади ба гардиш даровардани чархҳои Неругоҳи барқи обии «Помир-1» истифода мешавад.
Дар конфронси мазкур зикр гардид, ки сарфи назар аз захираи кофии оби пок ва полезӣ ба зиёдаравӣ дар баҳрабардорӣ аз он роҳ набояд дод.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






