Дар Душанбе оқибатҳои номатлуби амалҳои коррупсиониро муҳокима намуданд

Февраль 21, 2017 11:41

ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» вохӯрии навбатии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсади вохӯриҳо, пеш аз ҳама, ба самъи аҳолӣ расонидани оқибатҳои номатлуби амалҳои коррупсионӣ ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати зиддиҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон солҳои охир коррупсия падидаи номатлуби ҷомеаи муосир гардида, аъзои солим ва қувваҳои пешқадами ҷамъиятро ба ташвиш овардааст. Имрӯз дар муқовимат ба он танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ наметавонанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Дар сурати ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори он дар ҷомеа метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар ҷамъомад намояндагони масъули агентии мазкур дар мавзӯи таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, ҳамчунин моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он сухан гуфтанд.

Февраль 21, 2017 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид