Дар Хатлон бо ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҳайати кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия мулоқот намуд.
Искандар Солеҳзода дар вохӯрӣ зикр кард, ки вазифаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон метавонад дар коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳои содиршуда дар вилоят саҳми сазовор гузорад. Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат намояд.
Дар мулоқот ҳамчунин Лоҳутӣ Шоназаров, раиси Шӯрои мазкур зикр кард, ки ба ҳайати ин Шӯро намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон, адвокатҳо ва дигар аъзои фаъоли шаҳрвандӣ, ки дар ҷомеа эътибор доранд, шомил гардидаанд.
Искандар Солеҳзода ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ваъда дод, ки бо мақсади фаъолияти самараноки онҳо дар кӯтоҳтарин фурсат барои ҷудо намудани утоқи корӣ дар ҳамаи шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мусоидат менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






