Дар ноҳияи Ховалинг семинари амалӣ бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ доир гардид
ХОВАЛИНГ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинг семинари омӯзишӣ доир гардид. Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод, семинар бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши соҳавии кишоварзон ва омӯзонидани роҳу усул ва қоидаҳои агротехникии коркарди боғу токзор, меваю сабзавот, маҳсулоти полезӣ, нигоҳдории чорвои калони шохдор ва моли майда гузаронида шуд. Дар семинар зикр шуд, ки солҳои охир бо тағйирёбии иқлими сайёра бисёр бемориҳое пайдо шудаанд, ки ба паст шудани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ оварда мерасонанд.
Сол ба сол васеъ намудани майдони боғҳо ва парвариши дарахтони гуногун, ки хусусан аз хориҷи кишвар оварда мешаванд, дар фаъолияти кишоварзон мушкилӣ пеш овардааст. Ин гуна семинарҳо метавонанд тарзу усул ва вақти гузаронидани корҳои агротехникиро ба таври амалӣ ба деҳқонон нишон диҳанд. Солҳои охир кишоварзони ноҳияи Ховалинг дар парвариши сабзавот низ ба муваффақият ноил гардиданд. Деҳқонон тавонистанд бо васеъ намудани майдони кишти картошкаю пиёз, помидору қаламфур, сабзаҷот ва полезӣ талаботи сокинони ноҳияро қонеъ гардонида, як миқдор маҳсулотро берун аз ноҳия ба фурӯш бароранд.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






