Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати Соли ҷавонон ҳамоиши ҷавонон доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таҳти унвони «Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» ва «Ҷавонон неруи созанда ва идомабахши сиёсати Пешвои миллатанд» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш зиёда аз 2 ҳазору 500 нафар ҷавонони касбу кори гуногун, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо шиору навиштаҷоти таблиғгари ватандӯстию ифтихори миллӣ бахшида ба Соли ҷавонон дар маркази ноҳия роҳпаймоӣ намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии датгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҳисайн Раҷабов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иброз дошт, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҳар як ҷавони кишварро водор месозад, ки барои пойдории сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагии кишвар, ҳифзу ҳимояи марзу буми меҳан, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саъю кӯшиш намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






