Дар шаҳри Хоруғ силсиладуздиҳо ошкор гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор гардидани шахсияти он нафароне, ки дар силсиладуздиҳо дар шаҳри Хоруғ шарик будаанд, хабар медиҳад.
Тавре аз РВКД дар ВМКБ хабар доданд, дар вақти пурсиш аз рӯи ҳаракатҳои тафтишотӣ пештар дастгиршуда Ҷоник Раҳимов, соли таваллудаш 1990, зода ва истиқоматкунандаи кӯчаи Раҳматови шаҳри Хоруғ, ки дар давоми соли 2016 аз шаҳрвандони шаҳри мазкур ба тариқи пинҳонӣ молу амволи шахсиашонро дуздидааст, пурра иқрор гардид.
Номбурда моҳи марти соли 2016 ба хонаи истиқоматии сокинони шаҳри Хоруғ ба тариқи пинҳонӣ ворид шуда, молу амволи шахсиашонро дуздида, ба сокинони шаҳри Хоруғ дар умум ба маблағи 7 ҳазору 630 сомонӣ зарари моддии ҷиддӣ расонидааст. Аз номбурда далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд. Ҳамчунин дар вақти пурсиш пештар дастгиршуда Элназар Элназаров, сокини кӯчаи Ленини шаҳри Хоруғ низ ба дуздии содиркардаи худ пурра иқрор гардидааст. Номбурда моҳи ноябри соли 2016 вориди хонаи истиқоматии шаҳрванд Зардодхонова Муслима Абдуллохоновна гардида, аз дохили он 1 адад асбоби барқӣ (болгарка) ба маблағи 300 сомонӣ, 1 халта пиёз ба маблағи 45 сомонӣ, 1 адад равғани 3 литра ба маблағи 45 сомониро дуздида, дар маҷмӯъ ба маблағи 470 сомонӣ ба шаҳрванд зарари моддӣ расонидааст.
«Нисбат ба Ҷоник Раҳимов аз тарафи Шуъбаи тафтишотии РВКД дар ВМКБ бо аломати моддаи 244 қисми 2, бандҳои «а», «в», «г» ва Элназар Элназаров бо аломати моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а», «в», «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд», -афзуд манбаъ.








ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид






