Дар шаҳри Роғун соли 2017 Соли рушди соҳаи маориф ва илм эълон гардид

Февраль 16, 2017 15:08

РОҒУН, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори раиси шаҳри Роғун ҷиҳати рушди соҳаи маориф дар шаҳри Роғун ва бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи мазкур,  баланд бардоштани савияи дониш, интизоми маърифати касбии кормандони  муассисаҳои таълимӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорону  таълимгирандагон дар ҳудуди шаҳр соли 2017 Соли рушди соҳаи маориф ва илм эълон гардид. Дар ин бора аз шуъбаи маорифи шаҳри Роғун ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бо ин мақсад дар байни муассисаҳои таълимӣ ва тотаълимии шаҳр озмуни шаҳрии «Мактаби беҳтарин», «Омӯзгори беҳтарин» ва «Директори беҳтарин» эълон карда шуда, ҷамъбасти озмун то ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар карда шудааст.
Инчунин  рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта шахсони масъули шуъбаи маориф ва мутасаддиёни  муассисаҳои таълимии шаҳр аз ҳисоби хизматчиёни   давлатӣ, вакилон тибқи нақша  ҳолати таълим, тарбия ва хоҷагидории  муассисаҳои таълимиро аз назар гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта кумакҳои амалӣ мерасонанд.

Февраль 16, 2017 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд