Дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 22 феврали соли 2017 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ҷамъбасти мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар он намояндагони Раёсати маорифи шаҳр, коллеҷҳои тиббӣ, омор ва комиссариати ҳарбии шаҳр ширкат варзиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат хабар доданд, мусобиқа аз рӯи 6 намуд: гурзпартоӣ, турниккашӣ, партофтани норинҷак, ҷаҳидан ба дарозӣ, давидан ба масофаи 100 метр ва намоиши машқҳои низомӣ доир гардид. Дастаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои касбомӯзӣ иштирок намуда, тибқи талаботи низомномавии мусобиқот бо ҳам сабқат намуданд.
Дар ҷамъбаст аз дастаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷойи аввал насиби Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев, ҷойи дуюм насиби дастаи Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ ва ҷойи сеюм насиби дастаи Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон гардид. Аз дастаҳои муассисаҳои касбомӯзӣ мақоми аввалро Коллеҷи омор, мақоми дуюмро Коллеҷи тиббӣ ва мақоми сеюмро Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбӣ-техникии шаҳр сазовор гаштанд.
Нафароне, ки ғолибият ба даст оварданд, ба медалу ифтихорномаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат мушарраф шуда, дастаҳои ғолиб аз ҷониби раиси шаҳри Ваҳдат қадрдонӣ гардиданд.











Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






