Дар Спитамен дар майдони 4 гектар боғи сиёҳолу бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 28.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзун намудани истеҳсоли сиёҳолу дар ноҳияи Спитамен бунёди боғоти сиёҳолу идома дорад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.
Акрам Сулаймонзода, раиси ноҳиям Спитамен дар ҷараёни бунёди боғи сиёҳолу дар хоҷагии деҳқонии «Боғи олу»-и Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи А. Бобоеви Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳия иштирок намуда, бо боғпарварон мулоқот анҷом дод.
Ба гуфтаи манбаъ, боғпарварони хоҷагии деҳқонии мазкур бунёди боғро дар заминҳои чарогоҳ соли равон низ идома дода, ният доранд имсол дар майдони 4 гектар 600 адад бех ниҳоли сиёҳолу ва дар майдони 1 гектар ниҳоли себ шинонида, миқдори ниҳолҳоро дар маҷмӯъ ба 2 ҳазор адад расонанд.
Ёдовар бояд шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Боғи олу» дар минтақаи чарогоҳи деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳия дар майдони 11 гектар ташкил шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






