Дар Тоҷикистон интихоботи миёнадаврӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрели соли 2017 дар ду ҳавзаи интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи миёнадаврӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/дар ҷаласае, ки 23 феврал таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, қарорҳои марбута қабул намуданд. Дар ин росто, дар асоси қонунгузории кишвар ва қарори КМИР, якшанбеи 23 апрели соли 2017 дар ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Бобоҷон Ғафуров №14 интихоби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои вакили хориҷшуда таъйин карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки 16 феврал дар иҷлосияи нуҳуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №4 Абдураҳмонзода Саидумрон Назар ва 22 феврал дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ пеш аз муҳлат қатъ гардид.
Ҳамзамон бо қарори КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ ташкил ва нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосии марбут ба омодагӣ ва гузаронидани интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаҳои мазкур тасдиқ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






