Дар яке аз корхонаҳои Хитой таркиш ба амал омад

Февраль 22, 2017 17:21

ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз корхонаҳои вилояти Ляонин, ки дар шимолу шарқии Хитой воқеъ гардидааст, таркиш ба амал омад. Дар натиҷа 3 нафар ҳалок гардида, 21 нафар захм бардоштанд. Дар ин бора Радиои миллии Хитой хабар додааст.
Ҳодиса шоми рӯзи сешанбе дар уезди шаҳри Линхайи вилояти Сзинчжоу, ҳангоми бо моддаҳои тарканда кор кардани кормандон ба вуқӯъ омад.
Баъд аз воқеа нақшаи фаврии мусоидат таъсис дода шуд. Бино ба маълумоти радио, зарардидагон ба беморхона интиқол дода шуданд ва ба ҳаёти онҳо таҳдид мавҷуд нест.
Айни замон сабабҳои дақиқи ҳодиса муайян карда мешаванд.

Февраль 22, 2017 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид