«Дастони моҳир» — тарғибгари навҷӯиву эҷодкории ҷавонон

Февраль 22, 2017 17:30

ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар литсейи касбӣ-техникии ба номи Рустам Амакиеви ноҳияи Восеъ бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни Наврӯз даври аввали Озмуни минтақавии «Дастони моҳир» бо иштироки хонандагони муассисаҳои давлатии таълимии мансуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунанд, баргузор гардид.
Фазлиддин Маҳмадраҳимзода, корманди шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки мақсади озмун тарғиби донишҳои назариявию амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба касбҳои коргарӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба фаъолияти ихтироъкорию тадқиқотӣ, навҷӯиву эҷодкорӣ, инкишофи неруи зеҳнӣ, мутобиқ намудани касбомӯзон ба талаботи бозори меҳнат ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи нафарони кордиҳанда ба афроди соҳибкасб аст.
Хонандагони литсейҳои касбӣ-техникие, ки дар озмун сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд, ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.

Февраль 22, 2017 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид