«Давлат бе артиш ва артиш бе давлат буда наметавонанд»-ҳамоиш дар Муъминобод
МУЪМИНОБОД, 23.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 24-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоат ва дигар сохторҳои қудратӣ ширкат варзиданд. Тоҳирхон Амиршозода, раиси ноҳияи Муъминобод иброз намуд, ки таърихи давлатдорию давлатсозӣ ва идоракунии давлатҳои гузашта собит намуд, ки давлат бе артиш ва артиш бе давлат буда наметавонанд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва собиқадорони меҳнат аз тинҷиву оромӣ ва шароити имрӯзаи қисмҳои низомӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баён доштанд, ки шароити афсарон сол то сол дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар мегардад ва шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, меафзояд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






