Дорусозони ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон»: «Ворисони Сино, аслан, набояд эҳтиёҷ ба доруи дигарон дошта бошанд!»

Февраль 14, 2017 09:33

ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ Ховар/. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавзӯи мушкилоти соҳаи дорусозии  Тоҷикистон бо  Абдушукур Сайфуллоев,  директори ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон»,  Давлат Халифаев, доктори илмҳои фармасевтӣ, профессор, муовини директор оид ба илм ва технологияҳои инноватсионӣ, Исмоил Салимов, муовини директор оид ба истеҳсолоти корхонаи мазкур  ҳамсуҳбат гардид.

 «Ховар»: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ дар масъалаи  зиёд будани ҳаҷми воридоти  молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла маводи доруворию молҳои тиббӣ изҳори нигаронӣ намуда, бобати тағйир додани вазъи ҷойдошта супоришҳои қатъӣ доданд. Ҳамчун мутахассисони соҳаи фармасевтӣ   оид ба ин масъала чӣ андеша доред?

Абдушукур Сайфуллоев: Воқеан ҳам Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро   барои ворид гардидан ба марҳилаи нави рушд раҳнамун сохта,  ба масъулони соҳа бобати  дар 15 соли оянда  ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистон  вазифаҳои мушаххас доданд. Ин иқдоми наҷиби Сарвари давлат  соҳибкорони соҳаи дорусозии  мамлакатро барои фаъолияти минбаъда  дилгарму  рӯҳбаланд  сохт.  Зеро рушди  соҳаи  фармасевтии кишвар,  пеш аз ҳама,  ба   саноатикунонии мамлакат алоқамандӣ дорад.

 Аз таҳлили талабот дар  бозори истеъмолии кишвар бармеояд, ки  сол то сол ниёзмандӣ  ба маводи фармасевтӣ, молҳои таъйиноти тиббӣ, маводи шустушӯӣ, гигиенӣ,  парфюмериву  ороишӣ   зиёд гардида,  ҳаёти имрӯзаи ҷомеаро  бе ин маҳсулот  тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Дар бозори мамлакат ин маҳсулот асосан воридотӣ буда, гардиши онҳо садҳо миллион долларро ташкил медиҳад.  Дар дилхоҳ дорухона ва фурўшгоҳи молҳои ниёзи мардум  мушоҳида намудан мумкин аст, ки  аз ҳазорон номгўй дору ва молу маҳсулоти ба савдо гузошташуда  шояд қисмати хеле ночизи он маводи истеҳсоли ватанӣ  бошад.

Ҳол он ки мутахассисони соҳаи фармасевтӣ метавонанд дар бунёди корхонаҳои истеҳсолии ин маҳсулот саҳми сазовор  гузошта, ба таъсиси  ҳазорҳо ҷойи нави корӣ  дар бозори меҳнат мусоидат  намоянд.

Саноати фармасевтӣ ба дигар соҳаҳо  алоқамандии зич дорад  ва  пешравии ин соҳа метавонад ба бунёди корхонаҳои истеҳсолии соҳаи химия, хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.

Дар байни аҳолӣ ва ҳатто дар байни баъзе аз роҳбарони баландмақом  ақидае ҷой дорад, ки гўё  мутахассисони тоҷик қобилияти истеҳсоли дору ва дигар маҳсулотеро, ки истеҳсоли онҳо аз фаъолияти зеҳнӣ вобаста аст,  надоранд.   Шояд сабаби пайдоиши   чунин ақида аз  давраи шӯравӣ    сарчашма гирад, чунки як қисми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун манбаи ашёи хом барои рушди саноати дигар ҷумҳуриҳо хизмат мекарданд.

Вобаста ба ин баъзан  мизоҷон  ва ҳатто  бархе аз  табибон  низ ба маҳсулоти дорувории ватанӣ бо шубҳа менигаранд. Аз чунин шароит истифода бурда,  ширкатҳои бузурги фармасевтии хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои бузурги молиявиашон кўшиш менамоянд, ки корхонаҳои истеҳсоли  маводи фармасевтӣ дар дигар давлатҳо, аз ҷумла дар  Тоҷикистон пайдо нашаванд.

Ҳол он ки дар асл чунин  нест.. Солҳои охир кимиёшиносони тоҷик дар ин самт натиҷаҳои хуби илмие ба даст овардаанд, ки барои таҳияи доруҳои нави табобатӣ мусоидат менамоянд.

Ворисони Сино набояд эҳтиёҷ  ба доруи дигарон дошта бошанд!

Хушбахтона, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин масъала аз тадбирҳои саривақтию судманд буда, минбаъд  ба рушди саноатикунонии ватани азизамон, аз ҷумла соҳаи дорусозӣ  мусоидат менамоянд.

«Ховар»: Бархе аз коршиносон иддао доранд, ки бунёди корхонаҳои истеҳсолии фармасевтӣ   мушкилоти зиёд дорад.  Мушкилоти он дар чӣ зоҳир мегардад?

Новый рисунок (1)Давлат Халифаев: Фаъолияти истеҳсолии фармасевтӣ фаъолияти зеҳнӣ буда,  аз корҳои  илмӣ –тадқиқотӣ сарчашма мегирад.  Ба ғайр аз ин,  мутахассиси  дорусоз  бояд дониши мукаммали  тиббӣ дошта,  илмҳои дақиқу  табииро хуб донад ва аз технологияҳои муосири  дар истеҳсолот истифодашаванда бохабар бошад. Дар ҳақиқат бунёди корхонаи истеҳсолии фармасевтӣ  маблағ ва  вақти  зиёдро барои  анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҳияи технологияи истеҳсоли дору талаб менамояд. Корхонаи дорусозӣ баъди 4-5 соли дуруст ташкил намудани фаъолият ва дастгирии давлатӣ метавонад бо иқтидори пурраи истеҳсолиаш маҳсулот истеҳсол намояд.

Дар Паёми Сарвари давлат  оид ба масъалаи пешрафти илм, ҳамгироии тадқиқоти илмӣ бо истеҳсолот, ташкил намудани Маркази тадқиқоти инноватсионӣ дар сохтори Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ гардид, ки иҷрои он ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки  бояд дар асоси фаъолияти зеҳнӣ бунёд шаванд, мусоидат менамояд.

Ҳамчунин Роҳбари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор додани масъалаи сабуксозии андозҳоро дар фаъолияти фармасевтӣ дастур доданд. Ин иқдом боиси ҳавасмандии ширкатҳои ватанӣ ба истеҳсоли дору гардида, дар оянда ба афзоиши маҳсулоти соҳа ва содироти он мусоидат хоҳад намуд.

Умуман дар бозори фармасевтӣ ду намуди доруҳо истеҳсол ва ба фурўш бароварда мешаванд, ки  доруҳои оригиналӣ ва генерикӣ мебошанд.

Доруи оригиналӣ  дар асоси маводи  фаъоли фармакологии (субстансияи) нав истеҳсол гардида, барои таҳия ва истеҳсоли чунин дору  аз 2 то 20 миллион доллар ва 15-20 сол вақт сарф мешавад. Дар ин муддат сифат, самаранокӣ ва безарарии доруро тибқи тартиби муқаррагардида меомўзанд. Ширкати ин корро анҷомдода  соҳиби патент ва истеҳсолкунандаи ягонаи доруи оригиналӣ мегардад. Муҳлати чунин патентҳо то 20 сол муқаррар  гардидааст.

Баъди ба анҷом расидани муҳлати доруи оригиналӣ, дигар ширкатҳои фармасевтӣ ҳуқуқ пайдо менамоянд, ки дар асоси ҳамон субстансия бо дигар ном доруро бо технологияи таҳиянамудаи худашон истеҳсол намоянд. Ин доруи истеҳсолшуда аз ҷиҳати  сифат, самаранокӣ ва безарарӣ ва микдори маводи фаъоли фармакологӣ бояд ба доруи оригиналӣ монанд бошад. Ин намуди  доруҳоро доруҳои генерикӣ меноманд.

Ҳаҷми доруҳои генерикӣ  дар бозори фармасевтии ҷахонӣ то 80 фоизро    ташкил медиҳад.

«Ховар»: ҶДММ  «Кўҳҳои Точикистон» дар давоми фаъолияташ ба  кадом   муваффақиятҳо ноил гаштааст?

Абдушукур Сайфуллоев: ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон» ширкати истеҳсолии фарматсевтӣ буда, ба таҳияи технология ва истеҳсоли саноатии доруи генерикӣ машғул аст. Ширкат аз соли 2012 инҷониб фаъолият намуда,  дар ин давра корҳои зиёди тадқиқотию илмиро анҷом дода, технологияи истеҳсоли зиёда аз 40 номгўй доруҳоро таҳия ва истеҳсоли саноатии онҳоро ба роҳ мондааст. Тавре   шумо дидед, дар   сехҳои дорусозиву бастабандӣ ва анбори нигоҳдории корхона  шароити беҳдоштӣ муҳайё буда, маводи доруворӣ дар шакли марҳам, қурс, ғилофак (капсула), гел ва маҳлул омода мегарданд.  Дар ширкат 18 нафар мутахассисон,  аз ҷумла,    як доктор ва ду номзади илм фаъолият менамоянд.  Ширкат дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ  фаъолият намуда,  таҳияи технологияи истеҳсолии як қатор доруҳоро дар асоси маҳсулоти  табиии ватанӣ ба анҷом расонидааст.   Иқтидори истеҳсолии корхона зиёда аз 10 млн қуттии доруро дар як сол ташкил медиҳад. Тибқи барномаи рушд, ширкат ният дорад истеҳсоли доруҳоро барои инъексия дар ампула аз оғози соли 2018 ба роҳ монад.

«Ховар»: Корхонаи Шумо ашёи  хомро  барои истеҳсоли дору аз кадом давлатҳо ворид  менамояд?

Абдушукур Сайфуллоев: Талаботи соҳаи фармасевтии ҷаҳонро бо ашёи хом асосан Ҷумҳурии Халқии Чин ва Ҳиндустон таъмин  намуда,  дар бисёр маврид ширкатҳои бузурги фармасевтии Аврупо ва Амрико низ онро  аз ин  давлатҳо  ворид месозанд. Чунки ашёи хоми истеҳсолкардаи Чину Ҳиндустон ба талаботи  Фармакопеяи Амрико, Аврупо ва Британияи Кабир мутобиқ буда,  арзиши нисбатан паст дорад.

Ширкати мо низ ашёи хоми мутобиқ ба Фармакопеяи Амрико, Аврупо ё Британияи Кабирро  аз Чин, Эрон ва Россия харид менамояд, ки  ҳангоми воридот аз тарафи сохторҳои дахлдор сифати он санҷида мешавад.

«Ховар»: Оё коркарди ашёи хоми хориҷӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок аст?

Абдушукур Сайфуллоев: Дар шароити ҳозира фаъолияти зеҳнӣ арзиши зиёд нисбат ба ҳама гуна  боигарии табиӣ дорад. Аз ин рў,  коркарди ашёи аз хориҷа воридшуда низ самаранокии иқтисодии зиёд дорад, чунки бо имконияти зеҳнии ватанӣ истеҳсол мешавад.

«Ховар»: Фаъолияти муваффақонаи корхонаҳои дорусозӣ ба фурўши он вобастагӣ дорад.  Маҳсулоти  корхонаи  Шумо  то  кадом андоза бозоргир  аст?

Исмоил Салимов: Маводи дорувории корхонаи мо  аз ташхиси озмоишгоҳи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузашта, соҳиби сертификати сифат мебошанд.
Доруҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мо дар мавриди  таъсири фармакологӣ аз аналогҳои хориҷӣ кам нестанд ва табиист, ки ҳангоми дар Тоҷикистон истеҳсол гардиданашон  нархи онҳо арзон мешавад.
Масалан доруи зиддизамбурӯғии мо «Терзам» дар шакли қурс ва крем таъсири табобатии монанд бо аналогҳои «Ламизил» ва  «Тербизил» дошта, аз ҷиҳати нарх се — чор маротиба арзон мебошад.

Маводи дигари истеҳсолнамудаи корхонаи мо «Тамизин» аст, ки  аз калимаи тамиз кардан, тоза кардан, безарар гардондан гирифта шудааст.  Ҳоло дар давлатҳои пешрафта аз истифодаи спирти этилӣ барои тамизгардонӣ даст кашидаанд. Зеро спирт ба баъзе барангезандаҳои бемориҳо таъсир намерасонад.
«Тамизин»  дорои маводи фаъоли хлоргексидин глюконат дар маҳлули 70 фоизаи спирт буда,  дар амалиёти ҷарроҳӣ, хунгузаронӣ, доругузаронӣ, безараргардонии асбобҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, косметологӣ ва тоза кардани даст қабл аз ҷарроҳӣ ва табобат истифода мешавад.
Ба монанди ҳамин боз доруи «Флукозам» дар шакли ғилофак истеҳсол карда мешавад, ки аз аналогаш «Флукостат» камӣ надорад ва нархаш низ чандин маротиба арзон аст.
Доруи дигар «Гиролакс» мебошад, ки  дар шакли маҳлул истеҳсол шуда, барои қабзият ё сахтшавии меъда давост.
Корхона боз як доруи барои мардуми мо хеле заруриро бо номи «Исҳолин» истеҳсол мекунад. Чуноне ки аз номаш маълум аст, он ба исҳол ва дарунравӣ давост. Хусусан дар мавсими тобистон талабот ба ин гуна дору хеле зиёд мешавад.
Корхона истеҳсоли доруи зиддиилтиҳобии ғайристереоидиро бо номи «Кепифен» дар намуди капсула ва гел ба роҳ мондааст, ки он ҳамчунин бедардкунанда ва табпасткунанда мебошад.
Рўз то рўз маҳсулоти мо вобаста ба сифат ва аз ҷиҳати нарх дастрас буданаш  дар бозор мавқеашро мустаҳкамтар месозад. Масалан, дар соли 2016 ҳаҷми истеҳсолот аз  фурўши маҳсулотро қариб се баробар нисбат ба  соли 2015 афзуда,  ба буҷаи давлат наздики  300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ андозу дигар пардохтҳоро ворид намудем.

Агар аҳамият дода бошед, ширкати мо  татбики  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро дар корхонаи саноатӣ амалӣ менамояд. Масалан, номи доруҳо: Исҳолин, Дардол, Тамизин пурра бо истифода аз калимаҳои тоҷикӣ таҳия шудаанд. Навиштаҷоти бастубанди доруҳо  ва дастурамали истифодаи тиббии онҳо бо забони давлатӣ таҳия карда мешаванд.

«Ховар»: Барои боз ҳам зиёд намудани истеҳсол ва фурўши маҳсулот  чӣ пешниҳод доред?

Абдушукур Сайфуллоев: Дар Паёмашон  ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи  зиёд кардани ивазкунандаи  маҳсулоти воридотӣ  супориш доданд. Амалӣ    гардидани он ба мо  имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолро  4-5 маротиба зиёд намоем. Дар ин кор сохторҳои давлатӣ, табибон ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти фармасевтӣ метавонанд  мусоидат намоянд.

Соли 2016 мо бо мактуби расмӣ ба раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои табобатию профилактикӣ муроҷиат намудем, ки барои муаррифии маҳсулоти мо як  миқдори камтарини (ба маблағи 2-3 ҳазор сомонӣ) дорувориро  барои беморхонаҳо харид намоянд, то  табибон бо маҳсулоти ватанӣ шинос шаванд. Чунки на ҳама намуди доруҳоро ба воситаи ВАО реклама намудан мумкин аст.  Мутаассифона,  муроҷиати моро танҳо раиси шаҳри Турсунзода дастгирӣ намуд. Табибони беморхонаҳои шаҳри Турсунзода, ки бо маҳсулоти мо шинос гардидаанд, онро барои табобати эҳтиёҷмандон истифода менамоянд ва аз сифати он розӣ ҳастанд, яъне маҳсулоти мо дар ин шаҳр  хуб фурӯхта мешаванд.

Имрўз  вақти он расидааст, ки бо назардошти истеҳсоли  маҳсулоте, ки бо сифати хуб, нархи дастрас истеҳсол мешаванд, ҳифзи бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ таъмин гардад. Бозори фармасевтии ҷумҳурӣ низ ба чунин амал ниёз дорад ва  роҳҳои танзими воридот дар доираи тартиби муқарраргардидаи гардиши доруворӣ имконпазир аст.

Роҳбарони сохторҳои соҳаи тиб, табибон, воридкунандаҳои маҳсулоти доруворӣ ва дорухонаҳои ҷумҳурӣ низ метавонанд  дар пешбурди фурўши маҳсулоти ватанӣ ҳиссаи  сазовор  гузоранд.

«Ховар»: Дар бораи имкониятҳои васеи истифодаи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон  дар соҳаи дорусозӣ зиёд мегўянд. Дар ин бора Шумо чӣ андеша доред?

Давлат Халифаев: Ҳар як мамлакат рӯйхати  дорувории ҳаётан муҳимро  (РДХМ)  вобаста ба талаботи соҳаи тиб ва гирифтории аҳолӣ ба бемориҳо тасдиқ  намуда, талош менамояд, ки он  ба муассисаҳои соҳаи тиб ва аҳолӣ дастрас бошад.

Ширкати  мо дар навбати аввал  истеҳсоли доруҳоро тибқи рӯйхати номбурда ба роҳ мондааст. Ҷамъоварӣ  ва коркарди растаниҳои шифобахш  баъзе хусусиятҳои хоси худро дорад, ки ҳангоми ташкили корхонаи истеҳсолӣ ба назар гирифта мешаванд.  Аксарияти доруҳои дар асоси растаниҳои шифобахш истеҳсолшуда ҳамчун дору ё моддаи фаъоли биологӣ барои мустаҳкам намудани саломатӣ ва пешгирии бемориҳо истифода мешаванд. Самаранокии онҳо ҳангоми табобати таъҷилии аксарияти бемориҳо нисбат ба  моддаҳои синтетикии фаъоли фармакологӣ истеҳсолшуда паст мебошанд.

Солҳои охир вобаста ба тарзи ҳаёт ва сиёсат дар соҳаи тиб дар бозори фармасевтии ҷаҳонӣ ҳаҷми маводи дорувории аз моддаҳои фаъоли биологӣ истеҳсолшаванда зиёд мегардад. Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои доштааш дар оянда метавонад  ҳиссаи худро дар ин самт соҳиб шавад.

Барои ин дар ҷумҳурӣ корҳои илмию тадқиқотиро анҷом дода,  махсулотеро аз растаниҳои шифобахш бояд пешниҳод  намуд,  ки имконияти истеҳсолашон дар дигар давлатҳо набошад ва   мутобиқи технологияҳои инноватсионӣ коркард шудаанд. Ширкати «Кўҳҳои Тоҷикистон» ба чунин фаъолият машғул аст ва боварӣ дорем,  ки дар нимаи дуюми соли 2017 чунин маҳсулот истеҳсол ва ба мизоҷон пешниҳод мегарданд.

«Ховар»: Оид ба танзими нархи дору, доруҳои қалбакӣ ва бесифат  чӣ  пешниҳод доред ва ширкати шумо дар ин самт чӣ корҳоро анҷом дода метавонад?

Давлат Халифаев: Масъалаи танзими нархи дору  дар ҳақиқат душвор аст, вале ҳангоми дуруст ва самаранок идора кардани бозори фармасевтӣ он то дараҷае  имконпазир  мегардад. Дар бозори яклухти фармасевтии ҷумҳурӣ ҳолатҳое вомехўранд, ки фарқияти нархи баъзе доруҳо, ки дар асоси як моддаи фаъоли фармакологӣ истеҳсол шудаанд, даҳҳо маротиба зиёд  мебошад. Ё ин ки доруҳое ҳастанд, ки нархи онҳо аз нархи яклухти ширкати истеҳсолкарда арзонанд. Хуб мешуд, ҳангоми фарқияти зиёди нархҳо воридкунандаи дору нархгузориашро асоснок мекард.

Аз нигоҳи мо доруи генерикӣ бояд нархи аз ҳад баланд ва ё аз ҳад паст надошта бошад. Нархи аз ҳад баланд мардумфиребӣ аст, ки дар натиҷаи фаъолияти баъзе табибон ва фармасевтон ба амал омадааст. Нархи аз ҳад паст  сиёсати нархгузории агрессивии ширкатҳои хориҷӣ  бо мақсади ворид шудан ба бозори фурўши дору ва надодани имконият ба рушди корхонаҳои истеҳсоли дигар давлатҳо мебошад.

Дар мавриди беасос баланд рафтани нархи дору ҳаминро бояд гуфт, ки  тибқи назария дар бозори фурўши маҳсулот рақобати солим сифати молро беҳ, микдори онро зиёд ва нархро муътадил менамояд. Харидор худаш муайян менамояд, ки кадом маҳсулотро чӣ қадар харид намояд. Вале бозори хизматрасониҳои соҳаи тиб ва  фармасевтӣ ба ин қонун итоат намекунад. Чунки дар  ин бозор дар аксар маврид  харид  намудани ҳаҷм, номгўи хизматрасонӣ  ва доруро дигарон,  яъне табиб ё фармасевт муайян менамояд ва ин омил метавонад боиси беасос баланд гаштани нархи дору шавад.

Бо назардошти он, ки истифодаи дору меъёри муайяни вобаста ба гирифтории аҳолӣ ба бемориҳоро дорад, зиёд гаштани дорухонаҳо, мавқеи ҷойгиршавии онҳо, фурўши беназорати доруҳои тибқи дорухат иҷозатдодашуда боиси схемаҳои коррупсионии фурўши дору (маслиҳати табиб ва дорухона) мегарданд. Чунки дорухонаҳо бо мақсади фоида гирифтан кушода шуда,  фаъолият менамоянд. Гирифтани фоида аз фаъолияти фармасевтӣ бемаҳдуд нест. Рекламаи аз ҳад зиёд ба воситаи ВАО боиси  баланд гаштани нархи дору ва пайдо гаштани доруҳои қалбакӣ ё бесифат  дар бозори фармасевтӣ мегардад.

Дар ҳақиқат фаъолияти босамари табиб дар табобати беморон аз доруи босифат вобаста аст.  Ба бемор, ки ба дастгирӣ, мехрубонӣ, ёрии тиббии босифат  ниёз дорад  ва мумкин охирон дороии худро барои харидани дору сарф кардааст,   дидаю дониста фурўхтани доруи бесифат ва қалбакӣ  гуноҳи  нобахшиданӣ аст.

Барои ноил гаштан ба иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат  оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта  танзими давлатии фаъолияти тиббию фармасевтӣ, хизматрасониҳои тиббӣ,  гардиши дору ва молҳои таъйиноти тиббиро дар асоси таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо ва пешниҳоди илман асоснок ба роҳ мондан лозим аст.

Нисбат ба ин масъала пешниҳод дорам, ки доруҳои оригиналӣ ва баъзе доруҳои генерикие, ки технологияи душвори истеҳсол доранд, бояд бевосита аз истеҳсолкунанда ё намояндаҳои расмии онҳо ба ҷумҳурӣ ворид карда шаванд.

Истеҳсоли доруҳои генерикиро вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар корхонаҳои ватанӣ ба роҳ мондан лозим аст. Корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки маблағ ва вақти зиёдро барои бунёди корхона сарф кардаанд, ҳеҷ гоҳ ба паст гаштани сифати маҳсулоташон ва истеҳсоли доруҳои қалбакӣ  роҳ намедиҳанд.

«Ховар»: Доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим чӣ пешниҳод доред?

Исмоил Салимов: Дар ҷумҳурӣ ба монанди корхонаи мо якчанд корхонаи фармасевтии дигар фаъолият мекунанд, ки  заминаи рушди истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро муҳайё кардаанд. Ҳангоми мусоидат намудан ба фурўши маҳсулоти ин корхонаҳо дар давоми ду — се сол ҳамин ширкатҳо метавонанд бо имкониятҳои молиявии худашон корхонаҳои бузурги саноатиро бунёд намоянд.

Имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумат ба   рушди  соҳаи дорусозӣ диққати хоса дода мешавад. Дар баробари ин мутахассисони дар ин самт фаъолиятдошта низ саҳми сазовори худро дар рушди соҳа мегузоранд. Пайдо шудани муассисаҳои хусусии дорусозӣ, зиёд гаштани шумораи онҳо рақобати солимро ташкил дода, ҳар як муассиса талош мекунад, ки сифати хизматрасониашро ба стандартҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонаду бад-ин васила муштариёни худро зиёд намояд.

 Мусоҳиб Рухсораи НУР

Февраль 14, 2017 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин