Фазилати эълон гардидани соли ҷавонон
ДУШАНБЕ, 24.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Яке аз омилҳои асосии эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон ин рисолати созандагию бунёдкорӣ доштани насли ҷавон аст»,- зикр намуд Қиёмидини Миралиён, вакили Маҷлиси намояндагон дар семинаре, ки имрӯз дар Парлумони кишвар дар мавзӯи «Фазилатҳои Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017» доир гардид.
Таъкид шуд, ки Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дастоварди арзишманд дар самти татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон аст, ки ояндаи сарзамин ба фаъолияти онҳо вобаста мебошад.
Бо дахл ба нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи кишвар зикр шуд, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, ҷавонон дар ташаккул ва рушди муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштаанд. Дар ин росто ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо неруи пешбарандаи ҷомеа эътироф гардидаанд. Иштирокдорони семинар зикр намуданд, ки ҷавонон дар рушди бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа сарвати асосӣ ва афзалиятнок ба шумор мераванд. Тибқи таҳлилҳо дар кишварамон тақрибан 55% аҳолии қобили меҳнат ва 80% шаҳрвандон ба иқтисодиёт машғулро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаносибан ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, инчунин сармояи афзалиятноки инсонӣ дар иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар семинар вакилон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ҷавонон дар пешбурди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар ибрози назар карданд.








Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад






