Фазилати эълон гардидани соли ҷавонон

Февраль 24, 2017 15:58

Миралиён.ДУШАНБЕ, 24.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Яке аз омилҳои асосии эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон ин рисолати созандагию бунёдкорӣ доштани насли ҷавон аст»,- зикр намуд Қиёмидини Миралиён, вакили Маҷлиси намояндагон дар семинаре, ки имрӯз дар Парлумони кишвар дар мавзӯи «Фазилатҳои Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017» доир гардид.
Таъкид шуд, ки Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дастоварди арзишманд дар самти татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон аст, ки ояндаи сарзамин ба фаъолияти онҳо вобаста мебошад.
Бо дахл ба нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи кишвар зикр шуд, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, ҷавонон дар ташаккул ва рушди муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштаанд. Дар ин росто ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо неруи пешбарандаи ҷомеа эътироф гардидаанд. Иштирокдорони семинар зикр намуданд, ки ҷавонон дар рушди бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа сарвати асосӣ ва афзалиятнок ба шумор мераванд. Тибқи таҳлилҳо дар кишварамон тақрибан 55% аҳолии қобили меҳнат ва 80% шаҳрвандон ба иқтисодиёт машғулро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаносибан ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, инчунин сармояи афзалиятноки инсонӣ дар иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар семинар вакилон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ҷавонон дар пешбурди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар ибрози назар карданд.

Февраль 24, 2017 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст