Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар» доир шуд

Февраль 16, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 феврали соли равон дар толори консертии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври аввали Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар» баргузор гардид.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни табрики иштирокчиёну доварон ва мухлисони санъати асили шашмақом бо оғози фестивал иброз дошт, ки ин нахустин қадам дар баргузории Фестивал-озмун аст, ки барои дарёфти истеъдодҳои нав ва арҷ гузоштан ба санъати волои ниёгон равона шудааст. Вазир ҳамчунин таъкид намуд, ки муаррифии ин санъати аҷдодӣ ба тамоми ҷаҳон вазифаи ҳар як фарди фарҳангдӯст аст.
Иштирокчиёни фестивал — озмун истеъдоди худро дар ду бахш: яккасароӣ ва якканавозӣ пешкаши доварон ва мухлисон мегардонанд.
Фестивал ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади равнақу ривоҷи санъати миллӣ, эҳё ва тарғибу ташвиқи суннатҳои қадимии ниёгон, пайдо намудани истеъдодҳои нав, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ансамблҳои мақомхонон дар сатҳи кишвар, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон баргузор гардид.
Идомаи Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар» 17 феврал дар толори мазкур баргузор мегардад.
Даври ҷамъбастии он 5-6 марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода гузаронида мешавад.

Февраль 16, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид