Фонди китобхонаҳои шаҳри Кӯлоб ғанӣ мегардад
КӮЛОБ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳо, ҷалби бештари сокинон ба китобхонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти сокинон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом меёбанд. Аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва ба воситаи корвони китоби Вазорати фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонахо садҳо адад адабиёти тозанашр ворид гардида, дастраси хонандагон мегарданд.
Ба иттилои Қурбон Намозов, директори китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб 1000 адад китоб ва аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 560 нусха адабиёти тозанашр ба маблағи 8000 сомонӣ харидорӣ гардидааст.
Барои фароҳам овардани шароти зарурӣ ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти китобхонахҳои шаҳрӣ ва деҳот дар баробари таъмин бо китоб, ҳамчунин давоми се соли охир ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ мизу курсӣ ва рафҳои китоб дастрас карда шуданд.
Дар аксари китобхонаҳои шаҳру деҳот мутахассисони ҷавон ба кор қабул шудаанд, ки ин метавонад ба пешрафти соҳа мусоидат кунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






