Гадобек Маҳмудов: «Як рукни муҳими соҳибистиқлолии кишвар доштани Артиши миллӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба рўзи Артиши миллӣ зери унвони «Ҳомиёни Ватан» мулоқоти афсарон ва сарбозон бо ҷавонон доир гардид.
Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни табрики аҳли нишаст ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гуфт: «Ватан ва Модар ду вожаи муқаддасанд, ки ҳар инсон онҳоро бояд дӯст дорад. Як рукни муҳими соҳибистиқлолии кишвар ин доштани Артиши миллист ва Артиш худ гарави ҳимоят аз якпорчагии Ватан аст. Аз ин рӯ хизмат дар сафи неруҳои мусаллаҳ қарзи ҳар инсони комил аст».
Дар мулоқот подполковник Сафар Наботов, сардори тарҷумонҳои ҳарбии кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзўи «Омода намудани афсарони эҳтиётӣ барои Қувваҳои мусаллаҳ», Абдурашид Холбоев, полковники Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Пешбурди корҳои тарбиявӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ» сухан карданд.
Зикр гардид, ки ҷавононро зарур аст, ки илму дониши замони муосирро аз худ намуда, барои ҳифзи марзу буми кишвар ба Ватани худ содиқонаю софдилона хизмат кунанд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






