«Гашта- гашта аз сафар боз омадам…». Бозгашти Нуриддин Давронов ба «Истиқлол»
ДУШАНБЕ, 09.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва «Истиқлол»-и Душанбе Нуриддин Давронов, ки тобистони соли гузашта ба тими «Дунав»-и Булғория гузашта буд, аз нав ба ҳайати чемпиони мамлакат- «Истиқлол» пайваст. Дар ин бора сомонаи КФ «Истиқлол» хабар медиҳад.
Роҳбарияти «Истиқлол» ва КФ «Дунав» шартномаро ҷиҳати ба «Истиқлол» гузаштани Нуриддин Давронов ба таври иҷора то поёни моҳи июл ва эҳтимолан тамдиди он то анҷоми мавсими футболи соли 2017-и мамлакат ба имзо расониданд.
Нуриддин Давронов чун солҳои гузашта дар «Истиқлол» таҳти шумораи 8 ҳунарнамоӣ мекунад.
«Ман шодам, ки боз худро дар иҳотаи ҳамдастаҳоям мебинам. Кӯшиш мекунам, то даста ба ҳадафҳои худ бирасад. Аз ҳама асосӣ-ин иштироки бобарор дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба ҳисоб меравад»,-гуфтааст Нуриддин Давронов.
Нуриддин Давронов аз беҳтарин бозингарони дастаи «Истиқлол» буд, ки соли гузашта бо ба имзо расонидани як шартнома ба КФ «Дунав»-и Булғория гузашт.
Мухлисони «Истиқлол» баргашти Нуриддинро хуш истиқбол гирифта, аз ӯ умеди калон доранд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






