Хатлон: Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон
ДУШАНБЕ, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Қурғонтеппа чорабинии муштараки кормандони милитсия ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷараён дорад.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, дар чорабинии мазкур кормандони ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қурғонтеппа, кормандони Кумитаи замин, шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, шабакаҳои барқӣ ва дигар сохторҳо иштирок доранд.
Ҳадафи ин тадбири муштарак пешгирии қонуншиканиҳо вобаста ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, зӯран ишғол намудани қитъаи замин, ҳолати тозагию беҳдоштӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ҳаракат дар роҳ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






