Хизмати Ватан-ифтихори ман!
ДУШАНБЕ, 23.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 22 феврали соли 2017 дар доираи Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ва таҷлили 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии 6593-и Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 051052, 051055 ва 051064 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни афсарон ва сарбозон барномаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва экскурсияи мактаббачагон баргузор гардид. Дар оғоз ба саҳми иштирокчиён табрикоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳо бо ҷонибдорӣ аз ғамхориву таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврасу ҷавонон ба роҳ монда шуда, ҷавонон бо масъулияти бузург хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро вазифаву қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи ҷавонмардӣ донистанд.
Ин тадбир 23 феврал дар доираи нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, суҳбату вохӯриҳо, дидорбинии волидайни сарбозон ва дастархони идона дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе идома меёбад.











Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






