Ҳимояи Ватан, марзу бум ва таъриху фарҳанги миллӣ вазифаи ҷавонони шуҷоъ аст
ДУШАНБЕ, 23.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ бо ширкати устодон, донишҷӯён ва намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Ректори Донишкада профессор М. Раҷабзода баён намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи боэътимоди давлатдорӣ буда, нақши Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар назаррас мебошад.
«Ҳимояи Ватан, марзу бум ва таъриху фарҳанги миллӣ вазифаи ҷавонони шуҷои Ватан аст. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихору шарафи Ватани мо мебошанд»,-афзуд ректор.
Дар конфронс устодони донишкада низ аз арзишҳо ва муқаддасоти Ватан ёдовар шуда, ҳимояи ҳар ваҷаб хоки сарзаминро вазифаи ҷониву шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар арзёбӣ намуданд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






