Имрӯз дар қаламрави кишвар ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ДУШАБЕ, 23.02.2017 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави кишвар ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво аз 6 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 4 +1 дараҷа гарм, дар шарқ 10-15 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Ҳаво аз 7 то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Дар водиҳо то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо то 10 дараҷа гарм мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гармшавии ҳарорати ҳаво сокинони кишварро аз хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ, ки ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳо ва шоҳроҳҳои кӯҳӣ боқӣ мондааст, огоҳ месозад.








Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд






