Ҷиноятҳои қаллобӣ бо суиистифода аз боварӣ

Февраль 15, 2017 15:39

ДУШАНБЕ,15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ нисбат ба марди 40-солаи сокини ноҳияи Хуросон шикоят ворид гардид, ки ӯ моҳи ноябри соли 2016 аз марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ ва аз зани 24-солаи сокини ноҳияи Хуросон 703 ҳазору 556 сомонӣ гирифта, то ҳол барнамегардонад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамин тариқ дар шаҳри Истаравшан ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри мазкурро, ки қаблан бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуааст, бо гумони даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда соли 2016 ба боварии марди 57-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Инчунин бо ҳамин мазмун ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ зани 53-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2013 марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз бовариаш истифода намуда, аз ӯ 77 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то инҷониб маблағро бозпас намегардонад.
Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.

Февраль 15, 2017 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд